Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 3 сентябр дар мамлакат Рӯзи авиатсияи гражданӣ муқаррар шудааст. Дар шароити мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ нақши авиатсия дар пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамаддуни ҷаҳонӣ назаррас аст, зеро фарҳангҳо, мардумон ва тамаддунҳоро бо ҳам мепайвандад. Соли 2024 ба таъсиси авиатсияи граждании Тоҷикистон 100 сол ва ба таъсиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» 90 сол пур мешавад.
Авиатсияи граждании Тоҷикистон ҳарчанд ки таърихи садсола дорад, вале он дар мамлакат асосан дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду нумуъ карда, ба дастовардҳои зиёд ноил шуд. Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» низ самара ва баракати соҳибистиқлолӣ буда, бо ташаббусу дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи нави рушд расид. Ин фурудгоҳ агарчи таърихи 90-сола дорад, вале давоми солҳои охир куллан шаклу намои дигар гирифт. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд тавассути навсозии куллӣ симояшро ба таври мусбат тағйир дода, ба яке аз беҳтарин фурудгоҳҳо дар минтақа табдил ёфт.
Тавре директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» Қурбони Алимардон ба АМИТ «Ховар» изҳор дошт, «бунёдгузори тарҳу симои нави Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва дастовардҳои назарраси авиатсияи граждании Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Зеро маҳз суботу оромӣ ва файзу баракати Истиқлоли давлатӣ буд, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бобати фароҳам овардани шароиту имконияти корӣ барои кормандон бинои маъмурӣ пурра таъмир гардида, иншооти дигари хизматрасонӣ бо шароити муосири корӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар баробари ин корҳои ободониву созандагӣ, шинонидани дарахтони ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишӣ минтақаҳои дигари фурудгоҳро зебу оро дода, роҳи протоколӣ бунёд шуд ва марҳила ба марҳила намои фурудгоҳ дигаргун гардид».
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд солҳои охир барои баланд бардоштани сатҳу сифат ва маданияти хизматрасонӣ ба мусофирон, таъмини сатҳи баланди бехатарии авиатсионӣ ва бехатарии парвозҳо, бахусус мутобиқ намудани фурудгоҳ ба талабот ва стандартҳои байналмилалӣ корҳои зиёде анҷом дода шуданд.
Яке аз чунин корҳои мондагору таърихӣ, ки дар ин марҳила дар Фурудгоҳи байналмиллии Хуҷанд анҷом пазируфт, ин бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни фурудгоҳ бунёд намудани Маҷмааи таърихиву ёдгории «Дуои модар» мебошад. Он чун рамзи муҳаббати поку самимӣ нисбат ба Модар ва эҳтирому арҷгузорӣ ба ҳастии ӯ бунёд шуда, дар мамлакат аввалин муҷассамаи азим мебошад. Муҷассамаи “Дуои Модар” 7 октябри соли 2021 бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд солҳои охир барои мукаммал ва муосиргардонии парки мошинҳои махсус қариб 150 техника ва мошинҳои махсуси хизматрасонӣ ба тайёраҳо харида шуданд. Барои нигаҳдории мошинҳо дар минтақаи истгоҳи мошинҳои махсус боксҳо бо ғунҷоиши 20 нақлиёт сохта шуда, дар ошёнаи дуюми ин бино ҳуҷраҳои корӣ барои кормандон бунёд мегарданд, ки фаъолияти фурудгоҳро дар самти сифати хизматрасонӣ хеле беҳтар менамоянд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба истиқболи санаҳои фархунда пайваста корҳои ободониву созандагӣ гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар фурудгоҳ сохтмони фабрикаи дӯзандагӣ бо 200 ҷойи кор ва Маҷмааи зебову замонавии “Кайҳон”, ки аз ошхонаву тарабхона ва меҳмонхона иборт мебошад, дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. Мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот туҳфаи хубе ба истиқболи ҷашни 100-солагии авиатсияи граждании тоҷик ва 90- солагии таъсиси Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд мебошад.