Ҷадвали нишастҳои матбуотӣ барои кормандони ВАО

Аз 22 июл то 9 августи соли равон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин ташкилоту идораҳо оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2024 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегардад.

Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ аз тарафи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, дар асоси он нақшаи вилоятӣ омода ва қабул гардидааст.

Дар нишастҳои матбуотӣ раиси вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳо ба намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳисобот пешниҳод намуда, ба саволу пурсишҳояшон ҷавоб мегардонанд.

Ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ