ТАҲКИМИ МУНОСИБАТҲОИ ИҚТИСОДИВУ ТИҶОРАТӢ ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ НЕРЎИ СОДИРОТӢ

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаҳои 18 - 19 - уми июни соли равон дар маркази вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи Х байналмилалии савдо "Суғд-2024" баргузор гардид. Ярмаркаи мазкур бо иштироки бевоситаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва бо иштироки васеи намояндагони давлатҳои мухталиф доир гардид. Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ ва ҷалби сармоягузориву воридоти технологияҳои муосир буда, дар он асосан соҳибкорони намояндагони Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорусия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Корея, Покистон, Ҳиндустон, Лаҳистон, Фаронса, Эрон ва дигар кишварҳо иштирок намуданд. Дар ҷараёни баргузории Ярмаркаи Х байналмилалии савдо "Суғд-2024" хабарнигорони нашрияи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” ширкат варзида, бо соҳибкорони ватаниву хориҷӣ суҳбат доир намуданд.   

Азимхӯҷа Раҳимов – иҷрокунандаи директори корхонаи «Артел Авест Электроник»:

- Соли 2019 - ум пас аз мулоқот ва гуфтушуниди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мо тасмим гирифтем, ки корхонаи истеҳсолии «Артел Авест Электроник»-ро таъсис диҳем. Корхона 29-уми сентябри соли 2020 дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ба фаъолият шуруъ кард. Дар оғози кор корхона ду самти фаъолият дошт: яке истеҳсоли таҷҳизоти обгармкунӣ ва чангкашак. Айни ҳол коргоҳ метавонад бо барориш ва истеҳсоли 6 намуди маҳсулот аз қабили яхдон, кондитсионер, мошини ҷомашӯӣ, оинаи нилгун, таҷҳизоти обгармкунӣ (аристон) ва ҳамчунин чангкашак машғул шуда, талаботи дохилӣ ва хориҷиро қонеъ намояд. Имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки нақшаи дурнаморо пурра иҷро намуда, теъдоди истеҳсоли маҳсулотро то 2 ҳазор дона расонем. Маҳсулоти истеҳсолшавандаи корхона метавонад то 60 фисади талаботи бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намояд. Гумон мекунам, ки ҳам сифат ва ҳам арзиши маҳсулоти истеҳсолӣ мардумро қонеъкунанда аст. 

Абдуғаффор Маннонов – ҷонишини директор оид ба таъминоти Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Папирус» дар шаҳри Хуҷанд:

- Корхонаи ҶДММ «Папирус» соли 2010-ум таъсис ёфта, самти асосии фаъолияташ истеҳсоли маҳсулоти коғазӣ, аз ҷумла, дафтару албомҳо мебошад. Соли 2023 корхона фаъолияташро васеътар карда, дар заводи нав ба фаъолият оғоз ва истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуд. Маҳсулоти истеҳсолӣ ба давлатҳои мустақилу манофеъ, аз ҷумла, Қазоқистон, Қирғизистон ва Россия содирот мегардад. Бо ташриф ба ярмарка ният дорем, ки шарикони навро ба ҳамкорӣ даъват намоем. Ашёи хоми истеҳсолшаванда асосан аз Русия, Белорусия, Ӯзбекистон, қисман аз Чин ворид шуда, дар «Папирус» коркард мешавад. Дар корхона беш аз 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ, хӯроки гарм ва нақлиёт таъмин буда, шароити хуб барои коргарон фароҳам оварда шудааст. 

Азимҷон Ахмедов, сардори Раёсати кишоварзии шаҳри Конибодом:

- Ба ярмаркаи имрӯза мо асосан намудҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ овардаем. Аз ҷумла, 10 намуд намунаи зардолуи хушк ва 6 намуд намунаи зардолуи тар оварда, умед дорем, ки харидорони худро хоҳад ёфт. Маҳсулоти ду корхонаи бандубасти мева: яке «Канд» ва дигаре «Меваи канд», ки бо хушк ва коркарди меваҳои хушку тар машғуланд, имрӯз пешкаши шарикони рушд гардонида шудааст. То кунун наздик 1000 тонна зардолуи тарро ба мамлакати хориҷа, асосан ба Русия ва Украина содирот намудаем ва умед дорем, ки то анҷоми мавсими зардолупаз ҳамкориро идома хоҳем дод. 

Мавҷуда Набиева – роҳбари ҶДММ «Озарм»: 

- Ҷамъият соли 2014 таъсис ёфта, фаъолияташро асосан ба ҳунармандӣ бахшидааст. Нафароне, ки хонанишин ҳастанд, заноне, ки шавҳаронашон дар муҳоҷирати мехнатӣ қарор доранд, ҳамкориро ба роҳ монда, нахуст бо онҳо омӯзиш мегузаронем. Вақте ки тарзи дӯхтро меомӯзанд, баъд ба хонаашон фармоишро дастрас менамоем. Коргоҳ зиёда аз даҳ сол инҷониб фаъолият дошта, фаъолияташ асосан намудҳои гуногуни маҳсулоти гулдӯзишуда мебошад ва бештар диққати сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб кардааст. Дар Суғд Экспорт иштирок варзида, огоҳ шудем, ки меҳмонони хориҷа ба ҳунари дастии гулдухтарони тоҷик шавқу рағбати зиёд доранд ва маҳсулоти дастидӯзро ҳамчун туҳфа бисёр харидорӣ менамоянд. Умед дорем, ки ҳамкориҳои мо дар ин ҷода бештар мегардад. Хушбахт аз онем, ки хориҷиён мехоҳанд маҳсули дастони моро то ба кишварҳои худ бубаранд ва аз ҳама аҷибаш онҳо хоҳони омӯзиши ҳунарҳои дастии тоҷиконаанд.

Обидхон Қодиров - роҳбари маркази гулпарварии вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон:

-Ҳудуди гармхонае, ки мо гулҳои зиёдро мепарварем, 16 гектар аст. Гармхонаро соли 2019 созмон додаем, ки фаъолияти асосиаш парвариши намудҳои зиёди гулҳои мавсимиву тубакиву ороишист. Ҳамасола беш аз 500 нафар бо парвариши беш аз 55 миллион дона гул машғуланд. Қаблан мо ниҳолакҳои гулро аз давлати мардумии Чин дастрас намуда, дар гармхонаи Намангон парвариш мекардем. Алҳол тухмӣ ва ниҳолакҳои парваришёфта ва фурӯшӣ маҳсули дастони худӣ аст. Ба ярмаркаи имрӯза бештар аз 1000 намуди гулҳои хонагӣ, беш аз 500 намуди гулҳои мавсимӣ ва 100 намуди гулҳои бурида, яъне ороиширо овардаем ва умед дорем, ки ҳамкориҳои мо бо давлатҳои дигар рушд хоҳад ёфт. 

Истам Ахмедов – роҳбари истеҳсолии ҶДММ «Органик Ян»:

- Баъди ба фаъолият шуруъ намудани Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Органик Ян», ки бо барориши маҳсулоти риштагӣ ва худи риштаи пахтагӣ машғул аст, гуфтан мумкин, ки харидорони худро соҳиб гардид. Зеро маҳсулоти истеҳсолшаванда 100 фисад аз риштаю матои пахтагин омода гардида, ба саломатии инсон фоидаовар аст. Дар коргоҳ 160 нафар фаъолият дошта, дар чаҳор баст кормандон бо барориши риштаҳои гуногун машғуланд. Ҳамчунин, коргоҳи дигаре, ки дар якҷоягӣ амал менамоем, коргоҳи сачоқбарорӣ буда, моҳи октябри соли 2021 ба фаъолият шуруъ намудааст. Коргоҳ бо истеҳсоли сачоқҳои гуногунҳаҷм ва халатҳои мардонаву занона, ҳамчунин кӯдакона ва рӯйпӯшҳои диван машғул буда, харидорони зиёд дорад. То кунун маҳсулоти истеҳсолшударо ба давлатҳои Русия, Чин, Корея, Туркия ва Покистон содирот намудаем. 

Нигина Ватанбекова - директори Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “Авитсенна” – и шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон:

- Ба намоишгоҳ намудҳои гуногуни маҳсулоти истеҳсолнамудаи ҷамъият оварда шудааст. Ҳоло дар корхона 18 нафар бо ҷойи кории доимӣ таъмин буда, барои дар сатҳи баланд истеҳсол кардани маҳсулоти гиёҳдармонӣ ҷаҳд менамоянд. Боиси қайд аст, ки солҳои пеш корхона танҳо 6 – 8 намуд маҳсулот истеҳсол мекарду халос, имрӯз бошад шумораи он ба 66 намуд расидааст. Ҷамъият харидорони худро натанҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ пайдо кардааст. Ҳамасола маҳсулоти худро дар ярмаркаи мазкур ба тамошо мегузорем. Мақсад дорем моҳи августи соли равон дар шаҳри Хоруғ сехи навро бо маҳсулоти нав бунёд кунем. 

Маҳсулоти мо бештар хусусияти шифобахшӣ дорад, аз ҷумла, равғани авангард барои бемориҳои пӯст ва рӯдаю меъда хеле фоидаовар аст. Гиёҳҳои бадахшонӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад. Дар ярмарка чанд сол инчониб иштирок мекунем. Ҳамчунин дар ярмаркаҳои сатҳи байналхалқӣ низ ширкат варзида, бо соҳибкорони хориҷӣ ҳамкории дутарафаро ба роҳ мондаем. Баргузор шудани чунин Ярмарка нишонаи устувор будани иқтисодиёт дар кишвар буда, соҳибкорон метавонанд маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро пешкаш ва ҳамкориро бо корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкилоти байналмилалии кишварҳои хориҷӣ қавитар гардонанд.

Талғатули Қанат - соҳибкор аз шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон: 

-– Дар намоишгоҳи бонуфузи ярмаркаи савдо “Суғд 2024” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал иштирок карда истодаем. Ҳадаф васеъ кардани истеҳсолот ва пайдо намудани шарикони рушд дар аксар кишварҳои ҷаҳон мебошад. Ҳоло фаъолияти мо дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рушд ёфта, мақсад дорем ҳамчунин дар давлатҳои Аврупо ва Чин маҳсулоти худро пешкаш карда, ба сатҳи ҷаҳонӣ роҳ ёбем. Фаъолияти корхонаи мо бештар бо истеҳсоли қолинҳои гуногун вобаста аст. Ҳоло беш аз 16 намуд қолинҳоро истеҳсол карда истодаем. Ашёи хоми истеҳсолӣ қисман аз давлати Туркия ворид мешавад. Ҳадаф аз иштирок дар Ярмаркаи Х – уми байналмилалии савдо "Суғд-2024" пеш аз ҳама табодули таҷриба, пешниҳоди маҳсулоти баландсифат ва минбаъд ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба мебошад. Умед бар он дорам, ки бо шарикони рушд, соҳибкорону сармоягузорони тоҷик аз наздик шинос гардида, барои фаъолияти кории дарозмуҳлат ва бастани шартномаи дутарафа комёб гардем. 

Нодирбек Набиев - намояндаи соҳаи саноати сабук дар вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон: 

- Мо ба ярмарка беш аз 35 – 40 номгӯи маҳсулоти худро ба намоиш гузоштем, ки маҳсулоти пешниҳодгардида бештар ба саноати сабук, аз ҷумла ба маҳсулоти абрешимин алоқамандӣ дорад. Маҳсулоти воридгардида истеҳсоли лавозимоти кати хоб, дастмоли андозааш гуногун, маҳсулоти трикотажӣ, куртаҳои мардона, костюми зимистонаву тобистона, либосҳои болоии занона мебошад. Маҳсулоти саноатии вилояти Намангон дар аксар мамолики ҷаҳон мавқеи худро ба даст оварда, наздик бо 12 – 14 давлати ҷаҳон ҳамкории зич дорад. 

Ҳоло дар вилоят 37 минтақаи саноатӣ мавҷуд аст. Соли сеюм аст, ки дар вилояти Суғд иштирок карда истодаем ва мақсади асосии иштирок дар ярмаркаи имрӯза пеш аз ҳама муаррифӣ ва шинос кардани маҳсулоти истеҳсолии вилоят мебошад. Барои ҳамкорӣ ва шартномабандӣ низ омодаем. Боиси қайд аст, ки форуми имрӯза барои мо хеле муҳим аст, зеро нақша дорем дар самти истеҳсоли маҳсулоти трикотажӣ ҳамкории дуҷонибаро ба роҳ монда, минбаъд барои густариши равобит шартномаҳои тарафайн ба имзо расонида бошем. 

Аз мушоҳидаҳои худӣ бармеояд, ки солҳои охир аллакай Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари саноатӣ ва пешрафта табдил ёфта истодааст, зеро дар ин кишвар истеҳсол ва коркарди маҳсулоти мухталифи воридотивазкунанда батадриҷ боло рафтааст.  

Диловар Лоиқзода - сардори Раёсати кишоварзии шаҳри Панҷакент:

 - Дар даҳумин Намоишгоҳи байналмилалии савдо “Суғд-2024” бо дастовардҳои нав иштирок дорем. Бахусус, дар соҳаи шолипарварӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем. Дар 14 ҳазор гектар замин тибқи дурнамо кишти зироатҳои баҳорӣ сад дарсад иҷро шуд. Кишоварзони шаҳр ба даст овардани ҳосили баландро умедворанд. Бо кишоварзони ҳамсоякишвари ба мо дӯсту бародар - Ӯзбекистон шартномаи ҳамкорӣ бастем. Дар базаи Донишкадаи зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, дар стансияи таҷрибавии шаҳри Панҷакент навъҳои нави шолии “Панҷрӯд” ва “Саразм” – ро коркард кардем. Онҳоро дар Ӯзбекистон низ муаррифӣ карда, дар дохил низ кишт кардем. Ин навъҳои беҳтарини шолӣ дар водии Кофарниҳону Ҳисор ва Вахш низ кишт мешаванд. Он ҳосили баланд дошта, сифати пухташ низ хуб аст. Ҳаҷми донаи биринҷаш ҳам калонтар мебошад. 

Имрӯз дар бозори мо ба биринҷи донааш бузург талабот зиёд аст. Дар самти коркарди навъҳои шолии фоидаовар олимони шаҳри Панҷакент ҷаҳду талош доранд. Минбаъд тибқи шартнома нақша дорем, ки дар ду кишвар - Тоҷикистону Ӯзбекистон боғҳои дӯстӣ бунёд кунем. Ҳамчунин, кишоварзони ду кишвар дар самти нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди онҳо, хушк кардани меваҷот ва роҳҳои мусоиди содирот табодули таҷриба карда истодаанд. 

Малика Боймуродова - роҳбари ширкати Tiglat: 

- Дар бозори кишвар беш аз 10 сол боз фаъол буда, ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, аз ҷумла, навъҳои ранг ва дигар омехтаҳои хушк, ки барои рангубор истифода мешаванд, машғул ҳастем. Хурсандем, ки чандин маротиба дар ин Намоишгоҳ иштирок дорем. Он барои муаррифии маҳсулоти мо мусоидат мекунад. Ашёи хомро аз Эрону Туркия ва Чину Русия дастрас мекунем. Мекӯшем, ки маҳсулот бо сифати баланд омода шуда, талаботи муштариёнро қонеъ созад.  

Истеъмолкунандагони маҳсулоти ширкат асосан сокинони манотиқи гуногуни Тоҷикистон мебошанд. Алабатта, минбаъд ният дорем, ки ба бозори байналмилалӣ низ роҳ ёбем.  

 

Шоира КАРИМЗОДА,

Шаҳбону ОЛИМОВА,

Файзуллохон ОБИДОВ,

“Ҳақиқати Суғд”