Идомаи Намоишгоҳи байналмилалии савдо "Суғд-2024"

Дар рӯзи дуюми Намоишгоҳи байналмилалии савдо "Суғд-2024" корхонаҳои саноати сабук ва нассоҷӣ, коркард, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ, муассисаҳои молиявӣ, лизингӣ, нақлиёту логистика, сохторҳои илмию техникӣ, инчунин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ имконияту иқтидорҳоро муаррифӣ намуда, соҳибкорону молистеҳсолкунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираҳои тиҷоратию иқтисодии кишоварҳои хориҷӣ ҷиҳати ташкили истеҳсолоти муштарак, таъсиси намояндагиҳо, ҷалби бештари сармоя ва афзун намудани табодули молу маҳсулот таклифу пешниҳоди худро ба миён гузоштанд.

Дар самти ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои муштарак, воридоти хатҳои нави технологӣ ва содироти молу маҳсулоти саноатию кишоварзии Тоҷикистон ба минтақаҳои гуногуни олам доираҳои тиҷоратию иқтисодии кишоварҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, дар ин росто бо соҳибкорону молистеҳсолкунандагони мамлакат созишиномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. 

Ҳамзамон дар ворхӯрӣ соҳибкорону молистеҳсолкунандагон раванди фурӯши маҳсулот, идоракунӣ, маркетинг, хидматрасонӣ ва дигар масъалаҳои мубрами соҳаи савдою тиҷоратро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. 

Агар дар гузашта аз Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат бештар ашёи хом ва маҳсулоти нимтайёр содирот карда мешуд, давоми солҳои охир бо таъсиси коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ ин раванд тағйир ёфт. Яъне бо татбиқи ҳадаф ва нақшаҳои рушди саноат содироти маҳсулоти тайёр ба хориҷи мамлакат зиёд гардид. Дар Тоҷикистон ҷиҳати комёб шудан ба дастовардҳои аз ин ҳам бештар, аз ҷумла ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, васеъ намудани харитаи содирот, таъсиси коргоҳу корхонаҳои нав ва вориди хатҳои нави технологӣ имконияту иқтидорҳои мавҷуда самраноку оқилона истифода бурда мешаванд. 

Баргузори Намоишгоҳи байналмилалии савдо "Суғд-2024" имкон медиҳад, дар оянда ҳамкориҳо боз ҳам тақвият ва ҳаҷми содирот, хусусан содироти молу маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат афзоиш ёбад.  

Гуфта шуд, ки ҳамасола танҳо аз вилоят Суғд ба хориҷи мамлакат бештар аз 150 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваҷот ва сабзавоти аз лиҳози экологӣ тоза ба хориҷи мамлакат содирот карда мешавад. Ин рақам ниҳоӣ нест ва дар сурати бештар гардидани харидорони хориҷӣ зиёд шудани ҳаҷми содирот имкон дорад. 

Барои доираҳои тиҷоратию иқтисодии кишварҳои хориҷӣ шароит ва имконияти Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” низ муррифӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон барои сармоягузорону соҳибкорон шароити мусоид фароҳам буда, бештар аз 100 номгӯи имтиёзу сабукиҳои андозию гумрикӣ пешниҳод шудааст ва дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд марҳила ба марҳила шумораи корхонаҳои муштарак зиёд ва табодули молу маҳсулот миёни давлатҳо афзиш меёбад. 

Дар Намоишгоҳи байналмилалии савдо "Суғд-2024", ки рӯзҳои 18-19 июн баргузор гардид, зиёда аз 200 корхонаю ширкатҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорону тоҷирони ватанию хориҷӣ номгӯи зиёди молу маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, ҳунармандӣ, техникаю таҷҳизот, барномаю лоиҳаҳои молиявию қарзӣ, сармоягузорӣ ва имконияту харитаҳои сайёҳиро пешниҳоду муаррифӣ намуданд. 

Ҳамзамон дар ҳошияи ин ярмарка рӯзи 18-уми июн таҳти унвони “Имкониятҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақа” форуми байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он доираҳои тиҷратию иқтисодии 17 давлати дунё иштирок доштанд.