Беш аз 80 оила дар маҳаллаи "40-солагии Дилварзин" бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд

Дар маҳаллаи "40-солагии Дилварзин "- и Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ барои беҳтар намудани вазъи таъминоти оби нӯшокӣ чоҳи амудӣ кофта шуд, ки дар натиҷа 80 оила бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардиданд.

Ин тадбир дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ва Даҳсолаи байналмиллалии амал "Об барои рушди устувор" бо дасгирии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисман саҳми аҳолӣ амалӣ гардид.

Ин тадбирандешиҳо дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳалли мушкилоти дастрасии аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар деҳот рӯи кор омадаанд.

Сокинон аз дастрасӣ ба оби ошомиданӣ изҳори хушнудӣ карда, таъкид карданд, ки вазъи таъминот бо об сол ба сол беҳтар мегардад.