Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва забонмӯзӣ

Дар доираи тадбирҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон маҷмааи хизматрасонии “Ҳайат” воқеъ дар кӯчаи Мирзо Турсунзода мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи иншоот таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат соҳаи соҳибкориро дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ҳамчун неруи пешбарандаи рушди босуботи иқтисодӣ, воситаи асосиии таъмин кардани ҳадафҳои миллӣ ва дар ин замина муҳайё намудани шароит барои ҳалли масъалаҳои марбут ба дастгирии соҳибкорӣ, бахусус тамоюлҳои рушди фаъолияти соҳибкории занон муайян кардааст.

Ҳамзамон, яке аз иқдомҳои наҷибу созанда, ҷиҳати дастгирӣ ва густариши шоистаи фаъолияти соҳибкории занону бонувони ҳунарманд ва беҳтар шудани шароити оилавии онҳо таъсири назаррасро доро аст, ин роҳандозӣ шудани грантҳои президентӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ мебошад.

Грантҳои ҷудошуда ба рушди соҳибкории хурду миёна, ҷалби занону духтарон ба касбомӯзӣ, таъмини онҳо бо кори доимӣ ва мавсимӣ равона шудааст.

Қобили қайд аст, ки маҷмааи хизматрасонии “Ҳайат” бо ибтикори соҳибкорзан Фозилова Мақсуда таъсис ва маблағгузорӣ гардидааст. Таъиноти маҷмааро маркази забономӯзии “Дониш” ва маркази тарғиби тарзи ҳаёти солим ташкил медиҳад. Он аз 6 утоқҳои корӣ, аз ҷумла, утоқи маъмурият, толорҳои тамрин, маҳси бадан, ғизои солим, ҳаммом, толори истироҳатӣ ва 2 утоқи омӯзиши забонҳои хориҷӣ иборат аст. Шумораи умумии кормандон 15 нафар буда, имконияти дар як шабонарӯз ба 180 нафар мизоҷ хизмат расониданро доро аст. 

Толори машқи бадан асосан барои занону бонувон хизматрасонӣ менамояд.