Эълон!

Ба диққати шаҳрвандон мерасонем, ки 8 июн дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд маросими кушодашавии чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо миёни ҷавонони соли таваллудашон 2004-2006 гузаронида мешавад. 

Сокинон метавонанд ба Қасри варзиш омада, мусобиқаи мазкурро тамошо намоянд. 

Мусобиқаи варзишӣ соати 16 оғоз меёбад.