Бегоҳии рӯзи 20-уми май дар Боғи фарҳангӣ -фароғатии ба номи устод Садриддин Айнии шаҳри Бӯстон дар доираи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи сазовори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-фароғатии шоми ҷавонӣ таҳти унвони "Мо, ҷавонони Ватан созандаем!" бо иштироки ҷавонони касбу кори гуногун доир гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси шаҳр Мамнур Нурзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон Хусравшоҳ Исмоилзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Шаҳноза Каримӣ, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва директори муассисаи давлатии Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон Замира Рустамзода иштирок намуданд.
Қабл аз оғози барномаи фарҳангии шоми ҷавонӣ ҳайати иштирокдорон аз дастовардҳои хонандагони муассиса ва ҳунару маҳорати онҳо дидан намуданд.
Баҳри болидахотирии сокинон ва ҷавонон аз ҷониби хонандагони Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши тамошобинон гардонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Бӯстон ба истиқболи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳар ҳафта ду маротиба чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатии шоми ҷавонӣ баргузор мегардад.