Баргузории Фестивали бозиҳои миллӣ дар Суғд

Бо мақсади эҳё ва рушди бозиҳои миллии варзишӣ ва тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи эҳтиром ба таъриху анъанаҳои аҷдодон, ҳамзамон таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб дар вилоят Фестивали бозиҳои миллӣ аз рӯи 6 намуди варзиш, аз қабили бандкашӣ, шашка, шоҳмот, тенниси рӯи миз, футболи хурд, волейбол ташкил ва баргузор гардид. 

Фестивали мазкур бо ташаббуси Раёсати адлияи вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар фестивал беш аз 100 нафар кормандони зерсохторҳои Раёсати адлияи вилоят аз дар шаҳру ноҳияҳо дар 6 намуди варзиш иштирок намуда, байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дар фарҷом аз ҷониби Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов ва роҳбарияти Раёсати адлияи вилояти Суғд ғолибону ҷоизадорон бо диплом қадршиносӣ карда шуданд.