Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ташаббуси раёсати донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, ташкилоту муассисаҳои молиявӣ, корхонаҳои истеҳсолию тиҷоратӣ ва ширкатҳои мобилӣ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва намоиш-фурӯши маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ доир гардид.
Ярмарка бо мақсади рушди касбияти донишҷӯён ва бо ҷойи корӣ таъмин намудани хатмкунандагон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид ва дар он сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Шермуҳаммад Нодирӣ, роҳбарияти донишгоҳ, ташкилотҳои молиявию қарзӣ иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ таъкид карда шуд, ки ба шуғл фаро гирифтани ҷавонон, бахусус хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, дар ин самт якчанд барномаҳои давлатӣ қабул ва амалӣ гардида истодааст. Раёсати донишгоҳ бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани раванди таҷрибаомўзӣ ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани хатмкунандагон бо наздик 200 корхонаю ташкилот шартномаҳои ҳамкорӣ дорад.
Дар ярмарка инчунин аз ҷониби беш аз сад корхонаву ташкилот зиёда аз 1578 ҷойҳои кории холӣ пешниҳод гардид, ки дар натиҷа зиёда аз 65 нафар соҳиби роҳхат шуданд. Музди маоши пешниҳодгардида аз 800 то 3500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, донишҷӯёне, ки дар марҳилаи таҷрибаомӯзӣ фаъолона иштирок намуданд, бо роҳхат ба ташкилоту муассисаҳое, ки дар онҳо таврибаомўзиашонро гузарониданд ва бо сипосномаҳо қадршиносӣ карда шуданд.