Дар асоси нақшаи кории Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ҷиҳати таъмини иҷрои нишондодҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, инчунин қарори марбутаи Раиси вилояти Суғд дар Коллеҷи тибби шаҳри Хуҷанд мулоқот баргузор гардид.
Муовини раиси Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ дар мулоқот оид ба моҳият ва мақсади Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маълумот дода, қайд кард, ки вазифаи асосии амалисозии Стратегия аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмӯъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.
Масуф доир ба тадбирандешиҳо дар самти пешгирии ҷиноятсодиркунӣ ва ҳолатҳои коррупсионӣ, сабабу омилҳои мусоидаткунанда ибрози ақида намуда, илова кард, ки бояд баҳри муқовимат ба коррупсия ҳамаи қишрҳои ҷомеа фаъол бошанд.