Дар Истаравшан озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” доир шуд

Дар гимназияи рақами яки шаҳри Истаравшан маросими кушодашавии даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” доир гардид.

Дар маросими кушодашавии озмун муовини раиси шаҳри Истаравшан Фирӯза Муъминзода, сардори раёсати маориф Аминзода Сулҳиддин ва ҳамчунин хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, намояндагони касбу кори гуногун, ҳайати ҳакамон ва волидон иштирок намуданд.

Фирӯза Мӯъминзода зимни суханронӣ қайд намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф яке аз самтҳои меҳварии давлатдории мо буда, рушди илму маориф, омӯзиши техника ва технологияҳои нав, тақвияти нерӯи зеҳнӣ ва ташаккули забони илм дар таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ва сиёсати маорифпарварони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Озмун аз рўйи 6 номинатсия баргузор гашта, иштирокчиёни номинатсияҳо ба гурўҳҳои ҷудо карда шуда, байни ҳам рақобатмекунанд. 

Гуфтан ба маврид аст, ки ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври шаҳрии озмун барои иштирок дар даври вилоятӣ роҳхат мегиранд. Озмун 2 май оғоз гашта, 10-уми май ҷамъбаст карда мешавад.