“Нақши созандаи Пешвои миллат дар ташаккули худшиносӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон”

Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Нақши созандаи Пешвои миллат дар ташаккули худшиносӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он меҳмонони дохилию хориҷӣ, олимону коршиносон иштирок намуданд.

Директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд Алимат Мавлонзода конфронсро ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва иштирокчиёнро ба даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт. Мавсуф қайд намуд, ки конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши созандаи Пешвои миллат дар ташаккули худшиносӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон» бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ташкил карда шуд.

Сипас, дар кори конфронс мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, доктори илмҳои филологӣ, профессор Тоҷибой Султонзода, сардори раёсати тиббию фармасевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Юсуфӣ Саломуддин Ҷаббор, роҳбари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский, доктори илмҳои таърих, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ, директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сиёсатшинос ва шоир Абдуллоҳи Раҳнамо маърӯза намуданд.

Таъкид шуд, ки саҳифаҳои таърихи башар дар баробари ҳодисаву воқеаҳои гуногун аз корҳои нек ва хидматҳои мондагори нафароне ҳикоят мекунад, ки кору зиндагӣ ва гуфтору кирдорашон ба сарнавишти миллионҳо одамон таъсир гузоштааст. Дар таърихи соҳибистиқлолии мамлакат хизматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, бо талошу кӯшишҳои Сарвари давлат Тоҷикистон аз вартаи нобудӣ раҳо ёфт ва ба кишвари орому осуда ва рӯ ба рушд табдил ёфт.

Мардуми кишвар таҳти сарварии Пешвои миллат бо мақсаду ниятҳои олӣба хотири бунёди ҷомеаи демократӣ, озоду дунявӣ, расидан ба рӯзу рӯзгорони боз ҳам зебову пурсаодат кору зиндагӣ мекунанд.

Дар ин солҳо Ватани маҳбуби мо бо суръати баланд рушду нумӯ ёфт, ободу зебо гардид, ба яке аз кишварҳои пешрафта ва дорои захираю имкониятҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ табдил ёфт ва дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи сазовор пайдо намуд.

Ба эътирофи тамоми мардуми шарифи мамлакат Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кору амал, бо талошҳо ва ҷоннисориҳо барои шаҳрвандони кишвар беҳтарин ва ноёбтарин неъмат-сулҳу субот ва Ваҳдати комилро фароҳам оварданд, ки сарчашмаи тамоми музаффариятҳои мо дар сиёсати давлатдорӣ ва асоси воқеии хушбахтиҳои халқи толеъбаланди тоҷик аст.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми солонаи худ дар робита ба нақшу мақом ва ҷойгоҳи ҷавонон, аз ҷумла таъкид намуданд, ки “Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад.

Зикр гардид, ки ҳадафи Сарвари давлат аз сарпарастӣ намудани озмунҳои «Илм–фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат», роҳандозии ҷоизаҳои махсус дар риштаи илмҳои дақиқ ва олимпиадаву озмунҳои гуногуни сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама наврасону ҷавонон ва тақвияти завқи зебоипарастии онҳо мебошад.

Имрӯз беш аз ҳар вақти дигар, барои таъмини рушду шукуфоии кишвари азизамон ниёзҳои ҷомеа ба ҳузури ҷавонони соҳибтахассус, дорои тафаккури созанда, бунёдкору соҳибибтикор эҳсос мегардад.

Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд, ки ҷавонони кишвар дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд.

Бояд қайд намуд, ки меҳмонон аз бинои нави таълимӣ, таҷҳизот ва дастовардҳои Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи профессор Ю.Б. Исҳоқӣ шинос гардида, ба сатҳу сифати заминаи моддӣ ва усули омода намудани кадрҳо дар ин муассисаи таълимӣ баҳои баланд доданд.