Дар деҳаи Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳ синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад

Дар назди МТМУ №20-и деҳаи Фотеҳободи Ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бинои иловагӣ барои 80 нафар хонанда сохта мешавад.

Бинои мазкур тибқи лоиҳа аз чаҳор синфхона иборат буда, он бо дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Бунён” ва 30 фоиз саҳми аҳолии деҳа дар доираи нақшачорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.

Бинои иловагии муассиса асосан барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ шуда, боробари ба истифода додани он мушкили норасоии ҷойи нишаст дар муассисаи мазкур бартараф хоҳад шуд. Айни замон дар МТМУ №20-и деҳаи Фотеҳобод 927 нафар хонанда таҳсил мекунанд, ки бо сабаби зиёд будани хонандагон, талабагони синфҳои ибтидоӣ дар се баст таҳсил менамоянд.

Сохтмони бинои иловагӣ аллакай оғоз гардида, дар он 10 нафар сокинони маҳалла ба кор ҷалб шудаанд. Қарор аст бинои иловагӣ то соли нави таҳсил пурра сохта ба истифода дода шавад.