27 март вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин дар Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт бо сокинон мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони фаъоли ҷомеа, олимон ва ходимони дин ёдоварӣ карда шуда, ба сокинон нуктаҳои муҳимтарини он шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Таъкид гардид, ки сокинон бояд қонунҳои амалкунандаи ҷумҳуриро риоя намуда, ба танзими анъана ва ҷашну маросим, тарбияи наврасону ҷавонон диққати махсус зоҳир намоянд.
Ҳамзамон зарур шуморида шуд, ки ба исрофкорию зоҳирпарастӣ роҳ надода нашуда, ятимону бепарасторон, маъюбону ниёзмандон дастгирӣ карда шаванд.
Ҳамзамон, аз сокинон, махсусан, падару модарон даъват ба амал оварда шуд, ки онҳо барои зиндагии шоистаи оилаи худ, таълиму тарбияи фарзандон дар руҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ талош карда, дар корҳои созандагиву бунёдкории маҳали худ беш аз пеш саҳмгузор бошанд.