Дар толори Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода бо сокинони маҳаллаҳои Мевағул, Тиллокон ва Темурмалик баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода мулоқотро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки он тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор шуда истодааст.
Зикр гардид, ки ҳадафи мулоқоти мазкур шарҳу тавзеҳи мазмуну моҳияти мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки чанд рӯз қабл дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе сурат гирифт, мебошад.
Сипас, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода баромад намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки дар ҷараёни мулоқоташон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ карда, аз аҳли ҷомеаи мамлакат риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва Файзалӣ Идизода доир ба нуктаҳои дигар мулоқоти ёдоваршуда ибрози андеша намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот аз ҷониби сокинони маҳаллаҳои Мевағул, Тиллокон ва Темурмалик ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суолу дархост ва пешниҳодоти судманд ироа карда шуд.