Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод аз олам даргузашт

Имрӯз дар назди манзили Нависандаи халқии Тоҷикистон, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Муҳиддин Хоҷазод бо иштироки аҳли зиё ва пайвандон маросими видоъ баргузор гардид.

Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзода таъзияи Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба самъи ҳозирин расонд.

Тоҷибой Султонзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд номаи тасаллияти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ироа намуд.

Бояд қайд намуд, ки Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод дар тӯли чиҳил соли фаъолияти эҷодӣ чун нависанда ва драманавис даҳҳо асари бадеӣ, як силсила филмҳои бадеӣ ва телевизионӣ, чанд намоишномаи театрӣ эҷод кардааст.