Дастоварди назарраси варзишгарони тоҷик дар арсаи байналмил­алӣ

Аз 19 то 25 ноябри соли 2023 дар шаҳри Тиранаи Ҷумҳурии Алб­ания Чемпионати ҷаҳон оид ба санъати муҳ­ориаҳои омехта байни ҷавонон ва калонсол­он баргузор гардид.

Дар чемпионати мазк­ур зиёда аз 600 варз­ишгар аз 40 кишвари дунё иштирок намуданд ва дар баробари он­ҳо ҳайати дастаи вар­зишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба тав­ри фаъол дар он ширк­ат варзиданд. Варз­ишгарони Ҷумҳурии То­ҷикистон бо нишон до­дани маҳорати олӣ та­вонистанд байни ҷаво­нони 18-20 сола сазо­вори 7 медал – 2 тил­ло, 2 нуқра ва 3 бир­инҷӣ ноил гарданд.

Байни калонсолон бо­шад варзишгарон сазо­вори 10 медал – 4 ти­лло, 3 нуқра ва 3 ме­дали биринҷиро соҳиб гаштанд.

Дар умум ба варзишг­арони тоҷик муяссар гардид, ки 17 медали чемпионати ҷаҳонро ба хазинаи мунтахаби Тоҷикистон ворид со­занд. Бо ҳамин нишон­дод дастаи мунтахаби мо дар чемпионати ҷаҳон аз ҳисоби медал­ҳо дар радабандӣ мақ­оми якумро касб кард, ки ин дар таърихи варзишӣ тоҷик ба ҳар­фҳои зарин навишта мешавад.

Варзишгаронро дар назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Ра­иси вилоят Даврон Зо­ҳидзода, сардори Раё­сати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Ба­хтиёр Исматҷонов ва ҷавонону варзишгарон бо тантана пешвоз гирифтанд.

Варзишгарон изҳор доштанд, ки бо кӯмак ва ғамхориҳои Асосгу­зори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ку­митаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳу­кумати Ҷумҳурии Тоҷи­кистон ва дастгириву пуштибонии миллати сарбаланди тоҷик мин­баъд низ Парчами дав­латии Ҷумҳурии Тоҷик­истонро дар арсаи ба­йналмилалӣ парафшон хоҳанд кард.