Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори хурди Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ маросими супоридани мукофотҳо ба кормандони мақомоти милитсия, сохтмон ва роҳҳои автомобилгард баргузор шуд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода зимни суханронӣ изҳор дошт, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон соҳаҳои гуногун рушд карда, саҳми кормандон дар пешрафти хоҷагии халқ назаррас аст.
Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд низ рушди соҳаҳо таъмин гардида, корҳои ободонию созандагӣ вусъат ёфта истодааст.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ кормандони Хадамоти давлатии "Муҳофиза" - и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ва зерсохторҳои он бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, медали ҷашнии “30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “25-солагии Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуда, рутбаҳои навбатӣ тақдим гардид.
Ҳамчунин ба гуруҳи калони бинокорону роҳсозон ва масъулини мақомоти маҳалии шаҳру навоҳӣ, ки дар бунёди иншооти гуногуни Қувваҳои Мусаллаҳ саҳми босазо гузоштаанд медалҳои ҷашнӣ ва дигар мукофотҳо супорида шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд
{gallery}images/news/navid/2023/khujand/24-11/3{/gallery}