24 ноябр ҳазорон нафар сокинони касбу кори гуногун ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви маркази вилоят роҳпаймоӣ намуданд.
Сокинон аз ду самти хиёбон дар даст Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ифтихор ва ҳисси баланди миллӣ роҳпаймоӣ карда, дар майдони Парчами давлатӣ сарҷамъ шуданд ва дар ҳамоиши идона иштирок намуданд.
Ҷоиз ба таъкид аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муҳими давлати соҳибистиқлол, нишонаи ҳаёти осоишта, ваҳдат, сарафрозӣ ва ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Таърих шаҳодат медиҳад, ки аслан парчамбардорӣ барои аҷдоди мо – тоҷикон, ҳанўз аз замонҳои дури таърих сарчашма гирифта, хосияти бузурги тарбиявию ахлоқиро дар худ дошт. Дар ин раванд, эҳтиром ба Парчами миллӣ ин муҳаббат ва арҷгузорӣ ба давлату халқ, ба рўҳи поку мероси аҷдоди бузурги худ буда, ҳар кадоми моро ба ваҳдату сулҳу субот, созандагиву ободгариҳо, тавоноиву нерўмандӣ ҳидоятгар мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 30 августи соли 2011 дар арафаи ҷашни 20 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакатамон - шаҳри Душанбе Парчами кишвар, ки яке аз баландтарин дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, бо баландии 165 метр барафрохта шуд.
Моҳи апрели соли 2014 дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатӣ бар пояи баландиаш 55 метр парафшон гардид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд
{gallery}images/news/navid/2023/khujand/24-11/1{/gallery}