23 ноябри соли равон дар муассисаи давлатии таълимии Мактаби варзишии №2-и шаҳри Истаравшан ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон толори варзишии замонавӣ барои тамрин ва баргузории намуди бокс мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар мактаби варзишии мазкур алҳол зиёда аз 820 нафар варзишгарон ба 8 намуди варзиш машғул мебошанд.
Сохтмони бинои толори варзишӣ ҳанӯз соли 2011 оғоз гардида, бинобар маблағгузорӣ нагардидан тӯли ин муддат идомаи сохтмон ғайриимкон буд. Бо дастгирӣ ва маблағгузории бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан соли 2022 сохтмон идома дода шуд ва дар ин муддат зиёда аз 458 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, сохтмон ба анҷом расонида шуд.
Акнун имкон фароҳам омад, ки дар толори мазкур зиёда аз 120 нафар варзишгарон ба тамрин машғул шуда, ҳамзамон мусобиқаҳои шаҳриву минтақавӣ аз рӯи намуди бокс дар ин толор гузаронида шавад.
Варзишгарон аз дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар дар самти варзиш изҳори миннатдорӣ карда, ифтитоҳи толори варзиширо ҳамчун туҳфаи муносиб ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ истиқбол намуданд.