Дар Ҷамоати деҳоти Ашт бинои таваллудхона ба истифода дода шуд

Дар шаҳраки Дӯстии Ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи Ашт бинои шуъбаи таваллуд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар ифтитоҳи бинои таваллудхона муовини Раиси вилоят Анвар Яқубӣ, сардори Раёсати тандурустии вилоят Ҳабибулло Хайруллозода, раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, роҳбарияти ташкилоти ҷамъиятии хайриявии "Тоҷикистон" ширкат намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки шӯъбаи мазкур аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии хайриявии "Тоҷикистон" бо харҷи беш аз 3.5 миллион сомонӣ бунёд ёфта, бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз гардидааст.

Қаблан аҳолии ин минтақа бо тай кардани беш аз 50 километр ба маркази ноҳия мерафтанд ва ҳоло бошад ин мушкил пурра ҳалли худро ёфт.

Муовини Раиси вилоят Анвар Яқубӣ зимни ифтитоҳ барои бунёди чунин бинои замонавӣ ба дастандаркорон аз номи роҳбарияти вилоят изҳори сипос намуд.

Ба таваллудхона ҳамзамон дар вазъи тантанавӣ автомашинаи ёрии таъҷилӣ супорида шуд.