28 сентябри соли ҷорӣ дар арафаи Рӯзи омӯзгорон дар деҳаи Қалъачаи калони шаҳри Истаравшан 4 синфхонаи иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 ба номи Мирзиё Ҳабибов ба истифода дода шуд.
Синфхонаҳои иловагӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сокинони деҳаи Қалъачаи калон, дастгирии соҳибкорон ва кумитаи падарону модарон бо маблағи беш аз 180 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, дар ду баст метавонад 240 нафар хонандаро ба таълим фаро гирад.
Бояд қайд намуд, ки масоҳати умумии муассисаи таълимӣ 4 гектарро ташкил дода, аз 3 бино, 45 синфхонаи калону барҳаво иборат мебошад.
Дар муассисаи мазкур 74 нафар омӯзгорон фаъолият бурда, аз ин теъдод 34 нафарашонро занҳо ташкил медиҳад. Дар мактаб 1474 нафар толибилмон (767 нафар духтар) таҳсил мекунанд.