26 сентябр дар деҳаи Гулободи Ҷамоати деҳоти Ғазантарак бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 40 мавриди истифода қарор гирифт, ки дорои 4 синфхонаи нав буда, бо таҷҳизоту аёнияти замонавӣ ва мизу курсӣ таъмин мебошад.
Бинои иловагии ин муассисаи таълимӣ барои 100 хонанда аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба маблағи беш аз 998 ҳазор сомонӣ сохта шуд.
Зимни ифтитоҳи синфхонаи иловагӣ таъкид гардид, ки давлат ва Ҳукумати кишвар ба ҳалли масъалаҳои соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф тавҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд.
Сокинони деҳаи Гулобод дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии ноҳия фаъолона ширкат варзида, дар бунёди иншоотҳои ҷашнӣ саҳми муносиби худро гузошта меоянд. Ҳар як синфхонаи навтаъсиси ин муассисаи таълимӣ бо мизу курсӣ ва дигар аёнияти хониш таъмин буда, баҳри донишомӯзии писарону духтарон шароити арзандаи таҳсил фароҳам оварда шудааст. Масъулин зимни сохтмон ба сифати корҳо таваҷҷуҳи махсус равона намуда, бинои иловагии мактабро ба талаботи замона мутобиқ бунёд кардаанд.
Омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40–и деҳаи Гулободи Ҷамоати деҳоти Ғазантарак ҷавобан ба ин ғамхориҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ваъда доданд, ки тамоми донишу таҷрибаи хешро ҷиҳати дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас ва соҳибкасб шудани онҳо равона месозанд.