Ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятии зимистонгузаронӣ баргузор гардид

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятии зимистонгузаронӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа, ки таҳти раёсати муовини якуми Раиси вилоят Хол Ҳайдар ҷараён гирифт, аъзои Ситоди вилоятии омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.

Дар ҷаласа таъкид карда шуд, ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 ва бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2023, №125 қарори Раиси вилоят аз 18 апрели соли 2023, №120 ба тасвиб расида, тибқи он Ситоди вилоятӣ таъсис ёфта, нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 иборат аз 27 банд тасдиқ карда шудааст.  

Вобаста ба ин, дар ҳамаи сохторҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо қарорҳои дахлдор ба имзо расида, ситодҳо таъсис дода шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 дар муассисаҳои маорифи вилоят талабот ба ангишт 17193,0 тонна ва ҳезум 8104,3 м3  муайян шудааст. Дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ бошад, захира намудани 5163,3 тонна ангишт ва 1431,6 м3 ҳезум ба нақша гирифта шуда, захиракунӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Муовини якуми Раиси вилоят зимни таҳлили вазъи омодагиҳо барои иҷрои пурраи нақша, захира кардани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, захираи маводи асосии гармидиҳӣ ба мутасаддиён супоришҳо дод.