Дар осоишгоҳҳои шаҳри Гулистон беш аз 6 ҳазор нафар истироҳат намуданд

Дар семоҳаи аввали соли равон 6317 нафар ба осоишгоҳу меҳмонхонаҳои шаҳри Гулистон ташриф овардаву истироҳат намуданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд.

Аз шумораи умумии ташрифовардагон 198 меҳмонони хориҷӣ ва 6119 истироҳаткунандагони дохилӣ буда, меҳмонон дар осоишгоҳҳои шаҳр ба истироҳату фароғат фаро гирифта шудаанд.

Шаҳри соҳили Баҳри тоҷик — Гулистон аз минтақаҳои сайёҳӣ маҳсуб ёфта, дар соҳаи туризм дар шаҳр зиёда аз 345 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд ва музди миёнаи маоши онҳо 1582,6 сомониро ташкил медиҳад. Тадриҷан сол то сол баробари афзоиши шумораи кормандони осоишгоҳҳо, ҳамчунин музди маоши онҳо низ зиёд мегардад.

Ҳиссаи осоишгоҳҳо ва меҳмонхонаҳо дар ғанӣ гаштани буҷети шаҳр дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 3,6 дарсадро ташкил дод.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 93 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 62 меҳмонхона, 19 осоишгоҳ, 2 маркази муолиҷавӣ, 4 дармонгоҳи табобатӣ-истеҳсолӣ, 4 лагер, 1 хона ва 1 базаи истироҳатӣ бо ғунҷоиши 6873 ҷой, ҳамзамон зиёда аз 40 осорхона ва 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 97 зиёратгоҳ фаъолият мебаранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд