Шуруъ аз имрӯз, яъне 23-юми апрели соли равон Маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” расман дари худро барои сокинону сайёҳон боз намуд.
Дар ин бора омири кулли Маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимҷон Иброҳимов иттилоъ дод.
Шаҳрвандон метавонанд аз Қалъаи Хуҷанд боздид кардаву истироҳат намоянд.Тибқи иттилои манбаъ хизматрасонӣ дар Маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба тариқи зайл муайян шудааст:
-барои шаҳрвандони хориҷӣ 100 сомонӣ (сад сомонӣ);
-барои шаҳрвандони аз 16 сола боло 30 сомонӣ (сӣ сомонӣ);
-барои то 16 солаҳо 10 сомонӣ (даҳ сомонӣ) ва барои кӯдакони томактабӣ ройгон.
Ҳамчунин тибқи талаботи қонунгузорӣ барои ашхоси имтиёздор низ хизматрасонӣ ройгон ба роҳ монда шудааст.
Бояд гуфт, ки Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» чанд рӯз қабл бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида буд.
Қалъаи Хуҷанд ба ҳайси истеҳкоми боэътимод, ки таърихи се ҳазорсола дорад, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд эҳё ва барқарор карда шуд.