1 октябри соли ҷорӣ дар доираи баргузории нахустин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ “Озар” Истаравшан расман “Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ” эълон гардид.
Дар ин бора Президенти Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ ҷаноби Саад ал-Қаддомӣ ва 20 нафар узви Раёсати Шӯрои мазкур, ки 14 давлати дунёро намояндагӣ мекунанд, бо як овоз раъй доданд.
Дар маросими тантанавӣ, ки бо иштироки зиёда аз 1000 нафар меҳмонон, аз ҷумла наздик 250 нафар меҳмонон аз 19 кишвари дунё дар Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан доир шуд, Президенти Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ ҷаноби Саад ал-Қаддомӣ Сертификати “Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ” дар самти кордсозиро ба роҳбарияти шаҳри Истаравшан тақдим намуд ва Истаравшан дар як вақт ба узвияти Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ пазируфта шуд.