11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои наву замонавии Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро, ки бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмилалӣ бунёд шудааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.
Бинои Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар назди раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд дар масоҳати умумии 3 ҳазору 200 метри мураббаъ бунёд гардидааст.
Шароити муҳаёгардида дар маркази мазкур имконият медиҳад, ки таълим дар ду баст барои то 200 нафар ба роҳ монда шавад ва ҳамин тариқ дар як сол беш аз 2400 нафар бо касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.