Дар Панҷакент маҳали нави аҳолинишин бунёд мегардад

Дар маҳали нави аҳолинишин, ки дар наздикии деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Воруи шаҳри Панҷакент воқеъ аст, бо иштироки масъулин ва намояндагони шарикони рушд маросими гузоштани санги асос баргузор гардид.

Лоиҳаи бунёди деҳаи нав дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб, бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва сармоягузории ташкилоти байналмилалии хайриявии "Шарҷа" аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тоҷикистон” амалӣ мегардад.

Дар марҳалаи аввал, дар замине, ки бо қарори Ҳукумати мамлакат ва мақомоти маҳаллӣ барои оилаҳои эҳтиёҷманд ҷудо гардидааст, барои 25 хонаводаи ниёзманди Ҷамоати деҳоти Вору манзилҳои истиқоматии иборат аз се ҳуҷра ва утоқҳои ёрирасон сохта хоҳанд шуд. Ҳамзамон, хати барқ ва оби нӯшокӣ гузаронида, бунёди бинои муассисаи таълимӣ ва нуқтаи тиббӣ низ дар назар аст.

Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бунёд мегардад

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Боғи нави фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бунёд мегардад.

Зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо лоиҳаи боғ таъкид шуд, ки бо мақсади фароҳам овардани муҳити мутобиқ ба талаботи муосир барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонон, лоиҳа бояд бознигарӣ шуда, бо назардошти ҷанбаҳои экологӣ ва инфрасохтори муосир такмил дода шавад.

Боғи мазкур дар масоҳати 2,4 гектар дар маҳаллаҳои 6 ва 7-уми шаҳри Хуҷанд бунёд хоҳад шуд. Тибқи иттилои масъулин 50 дарсади масоҳати боғ кабудизор буда, дар қисми боқимонда инфрасохтори зарурӣ, аз қабили роҳравҳо, майдончаҳои варзишиву бозӣ, ҷойҳои нишаст ва чароғонкунии муосир бунёд хоҳад гашт.

Мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ идома дорад. 

Корҳои мумфаршкунӣ дар кӯчаи ба номи Мирзоюнус Ҳасанови ҷамоаи бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Сайматов Ойбек ва дигар шахсони саховатпешаю сокинони деҳа баҳри сазовор пешвоз гирифтани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. 

Дарозии роҳи мумфаршшаванда зиёда аз 600 метр ва паҳноии он 5 метр мебошад, ки масоҳати он 3000 метри квадратиро ташкил медиҳад.