26 феврали соли 2022 бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат” баргузор гардид, ки дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, номояндагони сохторҳои маҳаллии кумита дар вилояти Суғд, ва гирандагони стипендияи Президентӣ аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б.Ғафуров, Исфара, Конибодом, Мастчоҳ, Гулистон, Бустон, Истиқлол, Ҷ.Расулов ва Ашт ширкат варзиданд.
Ҳамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз гардид. Муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода зимни суханронии хеш гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шодбош гуфта, аз дастгириҳои давлатии ҷавонон, хусусан дар мадди аввали сиёсати худ қарор додани сиёсати давлатии ҷавонон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардид ва доир ба дастовардҳои ҷавонон ва саҳми онҳо дар пешрафти ҷомеа ибрози андеша намуд. Ҳамзамон ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишварро ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки чун пайравони асили Пешвои муаззами миллат дар рушду нумӯи кишвар бо дастовардҳои назаррас саҳмгузор бошанд.



COVID-19 бемории сироятиест, ки коронавируси охирини ба қарибӣ кашфгардида ба вуҷуд овардааст. То хуруҷи сироят дар шаҳри Уҳани Хитой дар моҳи декабри соли 2019 дар бораи вирус ва бемории нав чизе маълум набуд.
Соли 2019 барои муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Суғд 1481 адад таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ ба маблағи 20,1 млн. сомонӣ харидорӣ ва дастрас карда шуд.
