Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар деҳаи Косатароши шаҳри Панҷакент

Дар деҳаи Косатароши шаҳри Панҷакент майдончаи варзишӣ барои футболи хурд сохта ба истифода дода шуд.

Иншооти мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, саҳми соҳибкорон ва сокинни деҳаи мазкур дар доираи нақшачорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 400 000 сомонӣ бунёд гардидааст.

Майдончаи варзишӣ бо тарҳи зебову замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботҳои муосири сохтмонӣ бунёд шуда, ҳамчун як макони нерумандиву солимӣ, ташаккули ҷисмониву маънавӣ ва парвариши насли ҷавону навраси ҷомеа мебошад.

Ҷиҳати шабона низ ба варзиш машғул шудан дар атрофи майдончаи мазкур чароғҳои равшандиҳӣ насб карда шудааст, ки ин имкон медиҳад ҷавонон дар вақтҳои барояшон мувофиқ ба варзиш машғул шаванд.

Дар Панҷакент бинои баландошёнаи дорои марказҳои хизматрасонӣ ба истифода дода шуд

22 ноябр лар маркази шаҳри Панҷакент бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бинои баландошёнаи истиқоматӣ ба истифода дода шуд.

Бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Фаридун Холзиёев бунёд ёфтааст. 

Бино аз 10 ошёна иборат буда, дорои 80 хонаи истиқоматии 1, 2 ва 3 ҳуҷрагӣ аст. 

Дар се ошёнаи аввал марказҳои савдову хизматрасонӣ аз қабили бонкҳо, мағозаи фурӯши техникӣ, либосу пойафзолҳои мардонаву занона, толори ҳусн, сехи хурди дӯзандагӣ, ошхона, ҷавоҳирот ва ғайра ҷойгир гардида, барои то 70 нафар ҷойи корӣ таъсис дода шуд. 

Ифтитоҳи бинои беморхонаи сироятӣ пас таъмиру бозсозӣ дар Панҷакент

22 ноябр бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳоти Чинори шаҳри Панҷакент бинои беморхонаи сироятӣ пас аз таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд. 

Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, дорои се шуъбаи табобатӣ - калонсолон, бачагона ва эҳё мебошад.

Беморхона дорои 70 кат буда, 85 нафар кормандони соҳаи тиб ба мардум хизмат мерасонанд. Иншооти мазкур бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва шарикони рушд аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, беҳтарин шароити кору хизматрасонӣ дар он муҳайё карда шудааст.

Баробари таъмиру навсозӣ ҳамзамон муассиса бо дастгоҳу таҷҳизот ва дигар мебелҳои замонавӣ таъмин гардидааст, ки ин боиси боз ҳам боло рафтани сатҳи хизматрасонӣ тиббӣ ба аҳолӣ мегардад.