Дар маҷлисгоҳи гимназияи рақами 1 –и шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ, муовинони раисони шаҳру навоҳӣ, кормандон ва сарварони зерсохторҳои Раёсати маорифи вилоят, сардорони Раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ ҷаласаи навбатии мушовараи Раёсати маорифи вилоят доир гардид.
Сардори Раёсати маорифи вилоят Мадина Набизода ҷаласаро ифтитоҳ бахшида, доир ба натиҷаҳои фаъолият дар се моҳи соли 2022 ҳисобот дод. Дар баромад таъкид шуд, ки маорифчиёни вилояти Суғд дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат баён шуда буд, дар ҳама ҷабҳаҳои фаъолият саъйю талош варзида, дар давраи сипаришуда ба натиҷаҳои назаррас соҳиб гардиданд. Дар ин пешравиҳо саҳми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хеле калон аст.