СУҒД: Соли 2023 беш аз 2800 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Дар соли 2023 дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ пешравиҳо назаррас буда, дар ин давра дар ҳаҷми 1054,2 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуда корҳои сохтмонию васлгарӣ ба маблағи 2128,5 млн. сомонӣ иҷро гардид.

Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар соли 2023 ба маблағи 3505,2 млн. сомонӣ азхуд карда шуд, ки суръати афзоиш ба 143,9 фоиз таъмин гардид.

Тибқи нақшаи пешбинигардида дар вилоят то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсолию иҷтимоӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ карда мешаванд.

Дар соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2778 иншоот омода гардида, нақшаи солона 116 фоиз таъмин гардид.

Дар деҳаи Ёрии шаҳри Панҷакент маркази саломатӣ ва маркази дандонпизишкӣ ба истифода дода шуд

Дар деҳаи Ёрии Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент бинои Маркази саломатӣ баъди таъмиру таҷдид, ки бо мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории шарикони рушд сурат гирифт, мариди истифода қарор дода шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, бино барои пазироӣ ва табобати аҳолӣ ҳамаи шароити зарурӣ, ҳуҷраҳои бо таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳазро доро буда, 17 нафар кормандони тиббӣ он ҷо фаъолият мебаранд.

Ҳамчунин дар деҳа нахустин табобатгоҳи дандонпизишкии хусусӣ бо номи "Табассум", ки аз ҷониби соҳибкор ва дандонпизишк Баҳодур Норов бо харҷи 600 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст,ба кор шурӯъ намуд.

Мастчоҳ: Оғози сохтмони беморхонаи наву замонавӣ

Дар ноҳияи Мастчоҳ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бинои нави Беморхонаи марказии ноҳия сохта ба истифода дода мешавад.

Иншооти сохташаванда дар доираи корҳои ободониву созандагии ноҳия ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Иншооти нав дар ҳудуди Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ сохта шуда, он аз 4 ошёна ва таҳхона иборат хоҳад буд. 

Дар беморхона ҳамчунин барои қабули беморон 8 шуъба ва 250 кат пешбинӣ шудааст.