Ду нафар иштирокчӣ ва маъюби Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки кунун дар Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт бо шукргузорӣ аз суботи комили кишвар зиндагӣ доранд, дар арафаи Рӯзи Ғалаба- 9 май аёдат гардиданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд.
Ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Қучқор Ҳоҷиматов (15.06.1926, деҳаи Саро) ва Абдуқодир Холматов (02.05.1925, деҳаи Бободархон) кумаки яквақтаи Пешвои миллатро муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолӣ Ҷамшед Шодихон, кумакпулии раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро сардори Раёсати тандурустӣ Муҳиддин Ҳайруллозода ва кумакпулии яквақтаро Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода дар вазъияти тантанавӣ супориданд.