Таҷлили Рӯзи Шашмақом дар Суғд

12 май бахшида ба Рӯзи Шашмақом дар Кохи фарҳанги Суғдиёни маркази вилояти Суғд чорабинии фарҳангии идона доир шуд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи иштирокдорони ҳамоиши идона расонид.

35 донишҷӯи Донишкадаи политехникӣ дар шаҳри Хуҷанд ихтиёран ба хизмати Ватан рафтанд

35 нафар донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд баъди супоридани имтиҳонот ва ҳимояи рисолаи хатм ихтиёран барои адои хизмати ҳарбӣ рафтанд.

Дар маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарият ва устодони донишкада иштирок ва чунин иқдоми хатмкунандагонро шоистаи пайравӣ ба дигар ҷавонон номиданд.

Дуюмин меҳмонии ҷавонони Тоҷикистон ба ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент доир гардид

«Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир» — таҳти чунин унвон меҳмонии ҷавонони ҷумҳурӣ ба ноҳияи Айнӣ  ва шаҳри Панҷакент оғоз гардид, ки дар он 130 нафар ҷавонони минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок доранд. Меҳмонии ҷавонон дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо сурат мегирад.

Зимни боздид аз ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент ҷавонон бо маконҳои диданибоб ва ёдгориҳои таърихии ин минтақа шинос гардида, бо мақсади таҳкими дӯстӣ ва шиносоӣ бо расму оинҳои  меҳмоннавозии минтақаҳо иштирокчиён дар хонаҳои истиқоматии ҷавонони шаҳру ноҳияҳои банақшагирифта ҷойгир карда мешаванд.