Мазҳакаи «Табиби паррон»-и Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд соҳиби ду ҷоизаи байналмилалӣ гардид

Мазҳакаи «Табиби паррон»-и ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд дар Фестивали VIII байналмилалии театрии «Киштии Смоленск», ки миёни 22 театри дунё аз 6 давлат- Корея, Шветсия, Латвия, Тоҷикистон, Русия ва Беларус доир шуд, соҳиби ду ҷоизаи байналмилалӣ- «Барои синтези равшани анъанаҳои театрии миллӣ ва ҷаҳонӣ» («За яркий синтез национальных и мировых театральных традиций») ва «Барои иҷрои бомаҳорати нақши асосии мусиқӣ» («За виртуозное исполнение главной музыкальной роли») гардид.

Директори Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд Эҳсон Ҳомидов дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки ҳунармандони мо соҳиби ду ҷоиза- барои намоиши беҳтарин ва мусиқии беҳтарин гардиданд. Ҷоизаи намоиши беҳтаринро барои он ба ҳунармандони мо тақдим намуданд, ки ин намоиш аз рӯи пйесаи Жан-Батист Молйер бо забони русӣ ва бо услуби хоси миллию либосҳои тоҷикона дар саҳна иҷро гардид. Ҷоизаи мусиқии беҳтарин барои иҷрои сози доира, ки аз ҷониби ҳунарманди мо Қаҳрамон Бобоев иҷро шуд, лоиқ дониста шуд.

Дар Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт муассисаи таълимии №7 ба истифода дода шуд

16 апрел дар доираи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар деҳаи Бободархони Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 мавриди истифода қарор дода шуд.

Сохтмони бинои таълимии мазкур аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо», ки аз ҳисоби Фонди Саудии Рушд маблағгузорӣ гардидааст, бо маблағи 4 млн 200 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуд. Масоҳати қитъаи замини барои иншоот ҷудогардида 2,23 гектарро ташкил медиҳад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 ба номи «Спитамен»-ро ба истифода доданд

14 апрел дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Панҷакент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 47 ба номи “Спитамен”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави 3-ошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 47 бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки “Зарафшон” бунёд гардида, барои 806 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бинои мактаб бо харҷи беш аз 9 миллиону 202 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.