Дар ноҳияи Мастчоҳ Рӯзи ҷавононро бо шаҳомати хоса таҷлил намуданд

Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Мастчоҳ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси ноҳия Аъзам Ализода сокинонро ба муносибати Рӯзи ҷавонон муборакбод намуда, афзуд, ки бо дастгирию ғамхориҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон шароиту имкнониятҳои беҳтарин фароҳам оварда шудааст.

Истаравшан. Ба ҷавонони фаъоли шаҳр туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд

20 майи соли ҷорӣ дар амфитеатри Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Муғ"-и шаҳри Истаравшан бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 6000 нафар ҷавонони фаъол чорабинии мутантани идона  баргузор гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, дар чорабинии бошукӯҳи идона раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ҷавонони хушбахти даврони Истиқлолро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош гуфта, таъкид дошт, ки ҷавонон нерӯи созанда ва қишри асосии пешбарандаи ҷомеаи имрузаи мо ба ҳисоб рафта, пойдории давлат ва рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоии кишвар аз фаъолияти меҳандустию ватанпарастии ҷавонон вобастагӣ дорад. Қобили қайд аст, ки таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавони кишвар беш аз пеш меафзояд.

Баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон дар самти пешгирии савдои одамон

19 май дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар мавзўи «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии савдои одамон ва расонидани кўмак ба қурбониёни савдои одамон, муҳоҷирати бехатар, зӯроварӣ дар оила ва дигар ҳодисаҳои номатлуб дар ҷомеа» мизи мудаввар доир гардид.

Тавре аз Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят хабар доданд, чорабинӣ ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2022, №55 «Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024» доир шуда, дар он намояндагони Раёсатҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, шуъбаҳои кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд, муҳоҷират, меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр, ташкилотҳои ҷамъиятии «Фонди рушди ҷомеа», «Чашмаи хаёт» иштирок ва суханронӣ намуданд.