23 майи соли 2022 дар маркази вилоят — шаҳри Хуҷанд Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд.
Тантанаҳои идона бо роҳпаймоии ҷавонони фаъоли вилоят оғоз ёфта, иштирокдорони раҳпаймоӣ аз назди Маҷмаии таърихию фарҳангии «Истиқлол» то макони баргузории ҳамоиши идона — назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҳаракат намуданд. Ҷавонон бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватани маҳбуб дар даст шиору Парчам ҷонибдориашонро аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта, бо руҳияи баланд Рӯзи ҷавононро ҷашн гирифтанд.