Ҳамватанони азиз! Бо гирифтани ваксина худ ва наздиконамонро аз бемории COVID-19 эмин нигоҳ дорем!

COVID-19 бемории сироятиест, ки коронавируси охирини ба қарибӣ кашфгардида ба вуҷуд овардааст. То хуруҷи сироят дар шаҳри Уҳани Хитой дар моҳи декабри соли 2019 дар бораи вирус ва бемории нав чизе маълум набуд.

Тибқи иттилои сомонаи covid.tj ба аломатҳои бештар паҳншудаи COVID 19 баландшавии таб, хасташавӣ ва сулфаи хушк тааллуқ доранд. Дар як қатор беморон метавонанд дардҳои гуногун, маҳкамшавии димоғҳо, назла (обравӣ аз бинӣ), фарингит ё диарея қайд гарданд. Одатан ин аломатҳо тадриҷан инкишоф ёфта, суст ифода меёбанд. Дар баъзе шахсони сироятшуда ҳеҷ аломате пайдо намешавад ва онҳо худро бад ҳис намекунанд. Дар бештари ҳолатҳо (наздики 80%) беморҳо шифо меёбанд, дар зимн чорабиниҳои махсуси муолиҷавӣ талаб намешаванд. Тахминан дар яке аз шаш ҳолати COVID-19 аломатҳои вазнин бо инкишофёбии норасоии нафас мушоҳида мешаванд. Дар одамони солхўрда, ҳамчунин шахсони дорои бемориҳои соматикӣ, масалан гипертензияи шарёнӣ, маризиҳои дил ё диабет, эҳтимоли вазнин ҷараён гирифтани беморӣ баландтар аст. Дар ҳолати доштани таби баланд, сулфа ё нафаскашии душвор барои ёрии тиббӣ муроҷиат кардан мебояд.

Ба маблағи 20,1 млн. сомонӣ 1481 адад таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ харидорӣ гардид

Соли 2019 барои муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Суғд 1481 адад таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ ба маблағи 20,1 млн. сомонӣ харидорӣ ва дастрас карда шуд.

Барои харидории таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,2 млн. сомонӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 5,0 млн. сомонӣ, буҷетҳои маҳаллӣ 7,5 млн. сомонӣ ҷудо гардида, аз ҳисоби кўмакҳои башардўстона 3,2 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби суратҳисоби махсуси муассисаҳо 3,2 млн. сомонӣ равона гардидааст.

Ба беморхонаи шаҳри Бӯстон таҷҳизоти муосири тиббӣ дастрас карда шуд

Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати оқилонаву инсондӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беморхонаи шаҳри Бӯстон як қатор таҷҳизоти муосири тиббӣ, ёрирасон ва техникӣ дастрас карда шуд.

Тибқи иттилои сартабиби Беморхонаи шаҳрӣ Зулола Ибрагимова табибони шаҳри Бӯстон ҳамарӯза аз ғамхориву пуштибониҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарафёб гардида, баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ азму талош намуда истодаанд.

Хусусан дар давраи вазнини хурӯҷи бемории сироятии коронавирус ворид гардидани кӯмакҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беморон ва табибон, дастрас намудани таҷҳизоти муосири тиббӣ ва амсоли инҳо шаҳодати гуфтаҳои болоист.

Дар ин замина, моҳи апрели бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беморхонаи шаҳри Бӯстон зиёда аз 138 номгӯи таҷҳизоти муосири тиббӣ аз қабили катҳои функсионалӣ, рентгени рақамӣ, автоклав, дастгоҳи ултрасадои доплерӣ, мониторҳои назди кати бемор ва дигар таҷҳизоти зарурӣ дастрас карда шуд.

Санаи 13 апрели соли равон бо иштироки мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон Ғафур Зоирӣ ва сартабиби Беморхонаи шаҳрӣ Зулола Ибрагимова таҷҳизоти муосири тиббиро дар фазои тантанавӣ ба мудирони шуъбаҳои беморхонаи шаҳрӣ тақдим намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Бӯстон як адад Беморхонаи шаҳрӣ мавҷуд буда, ба сокинони шаҳр хизмати тиббӣ мерасонад. Беморхона дорои 16 шуъба буда, дар он зиёда аз 340 нафар  табибон, ҳамшираҳои тиб ва ғайра фаъолият мебаранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд