Муҳаррам Набизода ғолиби даври вилоятии озмуни "Мурабии соли Тоҷикистон" гардид

Дар вилояти Суғд даври вилоятии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин бора аз Раёсати маорифи вилоят хабар доданд.

Дар марҳилаи аввали озмуни  «Мураббии соли Тоҷикистон» 11 нафар намояндагони беҳтарини касбу кори худ – ғолибони озмунҳои шаҳриву ноҳиявӣ аз рӯи 5 шарт – машғулияти таълимӣ, мизи мудаввар, тасвир намудан ва сохтани манзара, дониш ва маҳорати касбии мураббия, ҳолатҳои равонӣ-педагогӣ ширкат намуда,  6 нафар беҳтаринҳо ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.           

«Корвони саломатӣ» 400 нафар сокинони Конибодому Спитаменро аз муоина гузаронид

4 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи Спитамен чорабинии «Корвони саломатӣ» гузаронида шуд.

Табибони Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд бо истифода аз нақлиёти сайёри тиббӣ ба сокинон хизмат расонида, ба шаҳрвандон тавсияҳо доданд.

10 нафар табибони амрози дарунӣ, амрози занона, дилшинос, духтурони чашм, гӯшу гулӯ ва бинӣ, дилшиносон бо истифода аз таҷҳизоти нақлиёт 400 нафар сокинонро муоина намуданд.

Натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаи маорифи вилояти Суғд дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023

3 январи соли 2023 дар толори Гимназияи рақами 1-и шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Мадина Набизода - сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд​ ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 баргузор гардид.

Дар ҷаласа намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагӣ - Муяссара Давлатзода, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд - Тоҷибой Султонзода, сардори Раёсати Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд - Ромиш Неъматзода, сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд - Ҷаҳонгир Салимзода, мудирони шӯъбаҳои маориф, директорони марказҳои таҳсилоти иловагӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо, технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва мудирони кабинетҳои методии назди шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.