Мақсад: мустаҳакам кардани пойгоҳи моддӣ – техникӣ

Дар партави таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои таълимии вилоят тақвият меёбанд. Ин амали нек аз ҷониби масъулини лоиҳаи “Мактабҳо 2030”-и Хазинаи Тоҷикистонии Оғохон низ дастгирӣ меёбад.

Дар мавриди ташкилу баргузории марҳилаи омӯзишии дар доираи лоиҳаи “Мактабҳо 2030”-и Барномаи рушди маорифи Хазинаи Тоҷикистонии Оғохон “Тарҳи инсонмеҳвар” дар вилояти Суғд ин ташкилоти хайриявӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2- и шаҳри Хуҷанд маросими тақсимоти таҷҳизот ва маводи таълимӣ лавозимоти хониш ва воситаҳои айёнию техникии таълимиро баргузор намуд.

Севара Шарипова дар Озмуни байналмилалии «Бозторгай» соҳиби ҷои аввал гардид

Донишҷӯи Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд Севара Шарипова дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти бачагонаи «Бозторгай»-и шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон сазовори ҷои аввал гардид.

Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии  Қазоқистон озмуни байналмилалии эҷодиёти бачагонаи «Бозторгай» бо иштироки 700 нафар наврасони лаёқатманд аз 6 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, ки дар он  донишҷӯи Коллеҷи санъати ба номи С. Ҳофиз дар шаҳри Хуҷанд Севара Шарипова аз Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок намуда, аз рӯи номинаи «Иҷроиши мардумӣ» дар дутор сазовори ҷои аввал гардид.

Ғолибони озмуни “Шукуфаҳои Истиқлол” муайян гардиданд

Бо ибтикори Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ ва дастгирии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд дар толори китобхона даври вилоятии озмуни “Шукуфаҳои Истиқлол” доир гардид.

Дар озмун тарбиятгирандагони кӯдакистонҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки дар даври аввали он дар минтақаи худ ғолиб омада буданд, иштирок намуданд.