Дар Ашт мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба Панкратион ва грэпплинг баргузор гардид

Азназаргузаронӣ: 287

Дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Ашт мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба Панкратион ва грэпплинг (ADCC) доир гардид. Дар мусобиқа варзишгарон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Ашт байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, роҳбарони сохторҳои мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарияти ҲХДТ дар ноҳия ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ иштирок намуданд.

Раиси ноҳия зикр кард, ки «беҳуда варзишро қосиди дўстӣ нагуфтаанд. Мусобиқаи мазкур дӯстиву бародарии байни наврасону ҷавононро боз ҳам мустаҳкамтар кард. Дар ҷараёни ин мусобиқа дӯстӣ, ҷасурӣ, адолат ва шаффофият ғолиб омад».

Мавриди зикр аст, ки тибқи Низомномаи тасдиқнамудаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва Федератсияи Панкратион ва грэпплинг (ADCC) – и вилояти Суғд мусобиқа байни наврасони 7-10 сола, 11-14 сола, ҷавонони 15-18 сола ва калонсолон (+18) сола баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур ташвиқу тарғиби намуди панкратион, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстии байни варзишгарон ва баланд бардоштани маҳорату малакаи доварону иштирокдорон азёбӣ мегардад.

Дар фарҷом Шӯҳрат Муҳаммадзода ва роҳбарияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар вазъи тантанавӣ ба ғолибон медал ва Сипоснома, туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд