Малика Уралова дар  озмуни “Ҳафтаи мӯд дар водии Фарғона” ғолиб шуд

Донишҷӯи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, узви фаъоли маҳфили илмӣ – ҳунарии “Лоиҳакаши муосири либос” Малика Уралова дар  озмуни “Ҳафтаи мӯд дар водии Фарғона” ғолиб шуд.

Озмуни мазкур бо ташаббуси Иттиҳодияи ҷамъиятии “Оянда аз имрӯз оғоз мешавад” доир шуда, донишҷӯи тоҷик либосҳои миллӣ ва аврупоии омодакардаи худро ба намоиш гузошт.

Озмуни “Ҳафтаи мӯд дар водии Фарғона” дар доираи лоиҳаҳои  мақомотҳои маҳалии Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон доир шуда, ҳадафи он сарҷамъ намудани соҳибистеъдодҳо ва дӯстии байни минтақаҳо мебошад.

Акнун Малика Уралова шарафи кишварамонро дар даври байналмилалии озмун, ки дар шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир мешавад, ҳимоя хоҳад кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд