Баргузории семинари омӯзишӣ барои роҳбарони муассисаҳои фарҳангӣ

24 майи соли 2022 дар Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд семинари омўзишӣ барои мутахассисони соҳаи фарҳанг, масъулини раёсати фарҳанг, мудирони шуъба ва бахшҳои фарҳанг, директорони осорхона, китобхона, қасрҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо гузаронда шуд.

Семинари  омӯзишӣ ва мониторинги соҳавӣ дар доираи амалисозии “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” баргузор гардид.

Дар кори семинари омӯзишӣ ва мониторинги соҳавӣ масъулин аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати фарҳанги вилоят ширкат намуда, ба роҳбарони муассисаҳои фарҳангӣ дастуру тавсияҳои судманд доданд.

Семинари мазкур бо вазифагузориҳо ва пешниҳоду таклифҳо ҷиҳати пешрафти соҳаи фарҳанг ҷамъбаст гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд