Дар Исфара ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм доир гардид

Дар Муассисаи таълимии байналмилалии “Контакт”-и шаҳри Исфара таҳти раёсати вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовинони вазири маориф ва илм, сардорону кормандони раёсат, шуъбаю бахши дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулҳия Нозакзода, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, сардорону мудирон ва кормандони раёсат, шуъба ва бахшҳои маориф, мудирон ва директорони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳо, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии вилоят иштирок намуданд.

Тавре аз Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар доданд, дар ҷаласа вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зимни баррасии масъалаҳо, дар баробари муаррифии дастовардҳо, бештар ба проблемаву мушкилоти ҷойдошта таваҷҷуҳ шуда, вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати андешидани тадбирҳои судманд доир ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, иштироки хонандагону донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат” ва озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, иҷрои ҳатмии нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ ва китобҳои дарсӣ, татбиқи ҳамаҷонибаи барномаҳои давлатӣ дар самти муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ бо озмоишгоҳҳои таълимӣ ва технологияи муосир, дастрасии ҳатмию саривақтии имтиёзҳои муқарраргардида ба омӯзгорони ҷавон, истифодаи мақсадноки биноҳои таълимию заминҳои наздимуассисавӣ, сари вақт аз курсҳои такмили ихтисосу бозомӯзӣ гузаштани омӯзгорон, ҷалби хонандагон ба марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳою марказҳои таҳсилоти иловагӣ ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар охир ба сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Конибодом, Исфара, Истиқлол, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ашти вилояти Суғд дастур дода шуд, ки проблемаву мушкилот ва камбудиҳои зимни санҷиш аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ ошкоргардида дар кутоҳтарин муҳлат бартараф карда шуда, аз натиҷааш ба Вазорати маориф ва илм маълумот манзур карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд