Дар Истаравшан бинои нави беморхонаи касалиҳои сил бунёд мегардад

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан сохтмони бинои нави беморхонаи касалиҳои сил идома дорад.

Зимни сафари корӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо лоиҳа ва ҷараёни корҳои сохтмонии ин муассисаи тиббӣ шинос гардид.
Тавре иттилоъ дода шуд, беморхонаи нав бо риояи тамоми талаботу меъёрҳои соҳавӣ барои 40 кат бунёд шуда, дар он инчунин утоқҳои корӣ барои маъмурият ва табибон, ташхисгоҳ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон пешбинӣ гардидааст.
Бинои мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, ба беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Қайд гардид, ки имрӯзҳо бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ вусъат ёфта, барои фароҳам овардани шароити муосири табобат ва ташхис тадбирҳои мушаххас амалӣ мешаванд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид ба масъулин ҷиҳати риояи қатъии талаботи соҳавӣ, истифодаи масолеҳи босифат ва дар муҳлати муқарраргардида анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд