
10 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан бо рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ шинос гардид.
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан корҳои бунёдкорӣ вусъат мегирад.
Дар ҳамаи соҳаҳо иншооти нав бунёд ва мавридли истифода қарор мегирад, ки ин барои рушди соҳа, беҳтар шудани сатҳу сифтаи хизматраоснӣ ва шароити зиндагии мардум муосидат мекунад. Ба хусус, бунёди иншооти нав дар соҳаи соҳаи тандурустӣ бо саҳми соҳибкорон аз рушди бонизоми бахши хусусӣ ва истифодаи роҳу усулҳои нави табобат гувоҳӣ медиҳад.
Раиси вилоят дар шаҳри Истаравшан бо сохтмони маркази нави ташхису табобатӣ шинос гардида, барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо дастуру супоришҳо дод.
Дар деҳаи Яккатоли Ҷамоати деҳоти Сабристони шаҳри Истаравшан бо саҳми соҳибкор Қайюм Шарифов кӯдакистони наву замонавӣ бунёд гардида, барои беш аз 150 нафар кӯдак шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда мешавад. Баъди ба истифода додани муассисаи таҳсилоти томактабӣ 20 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд.
Зимни боздиди роҳбари вилоят маълумот дода шуд, ки дар шаҳри Истаравшан сохтмони 20 иншооти гуногуни таълимӣ барои 16 ҳазор ҷойи нишаст идома дорад. Дар соли хониши нав дар шаҳр 6 иншоот, аз ҷумла бинои нави таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, китобхонаву ошхона ва дигар иншооти зарурӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода пас аз шиносоӣ бо раванди корҳои сохтмонӣ ба роҳбарияти шаҳр барои иҷрои пурраи нақшаи бунёди иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




