Ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022 ва бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» гузаронида мешавад.
Озмуни мазкур баҳри дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбӣ, асарҳои нави мусиқӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд эълон шуда, даври аввали он моҳҳои май-июн дар шаҳру ноҳияҳо ва даври дуюм моҳҳои июл-август дар маркази вилоят доир мегардад.
Даври вилоятии озмун аз рӯи номинатсияҳои композиторӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ ҷараён гирифта, ҳар як номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ мебошад.
Ба ғолибони озмун мутаносибан 7000 сомонӣ, 5000 сомонӣ ва 3000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад ва ғолибони даври вилоятӣ ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд