Оғози сохтмони бинои иловагии МТМУ №7-и шаҳри Хуҷанд

Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба сохтмони бинои иловагии МТМУ №7-и шаҳри Хуҷанд санги асос гузошта шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими гузоштани санги асос барои синфхонаҳои иловагии МТМУ №7-и шаҳри Хуҷанд дар ҳузури аҳли таълимгоҳи номбурда изҳор дошт, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва бунёди мактабҳои замонавӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. 

Таъкид гардид, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид, минбаъд низ барои бунёди мактабу кӯдакистонҳо аз тамоми имкониятҳо истифода бурда хоҳад шуд. 

Иттилоъ дода шуд, ки бинои иловагӣ аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо назардошти фарогирии 1280 нафар хонанда дар як баст то ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода хоҳад шуд. 

Бинои иловагии таълимӣ аз ҷониби ширкатҳои ватании “Тоҷфилиз”, “Сеганҷ” ва соҳибкорон Худойназар Рустамов, Хуршед Ҷӯрабоев, Толибҷон Юнусов, Муродҷон Ҷӯраев, Мақсудхӯҷа Баҳоваддинов, ки дар шаҳри Хуҷанд таҷрибаи хуби хонасозиро доранд, бунёд карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд